ҚАДАМҲО БАРОИ РУШДИ САВДОИ ТОҶИКИСТОН
Дар ҷаласаи нӯҳуми Конфронси вазирон, ки 3-6 декабри соли 2013 дар Балӣ баргузор гардид, аъзоёни СУС вобаста ба Созишномаи соддагардонии расмиёти савдо (Созишнома) музокирот анҷом доданд, ки мақсади он мусоидат барои савдо бо воситаи вусъат бахшидан ба интиқол, иҷозати мол ва батанзимдарории молҳо, барои кам кардани ваќт ва арзиши савдои фаромарзӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 2013 аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо буда, санаи 6-уми майи соли 2015 Созишномаи оид ба соддагардонии расмиёти савдо (Созишнома)-ро ба тасвиб расонид, ки ба ин восита шаффофият ва самарабахши расмиёти сарҳадӣ ва ҳамчунин баҳри ташкили фазои савдои одилона ва пешбинишаванда заминаи устувор гузошта шуд. Амалисозии СРС дар Тоҷикистон барои тиҷорат имконияти истифодаи фишангҳои нави мусоидат ба савдоро фароҳам меорад ва бо ин восита ба камшавии хароҷотҳои савдо, баландшавии сатҳи рақобатпазирии онҳо, иштироки худ дар ташкили арзиш дар занҷираи глобалиро васеъ менамояд, ки ин нишондиҳандаи савдои байналмиллалии имрӯза мебошад. Барои истифодаи ҳамаҷонибаи афзалиятҳои СРС, тиҷорат дар Тоҷикистон бояд доир ба ӯҳдадориҳое, ки Тоҷикистон дар ҷаҳорчӯбаи СУС ба ӯҳда гирифтааст, маълумот дошта бошад ва бо мақомотҳои салоҳиятдор барои таъмини баназаргирии талаботҳои онҳо дар сиёсати омодасозӣ, татбиқсозӣ ва назорати ҷараёнҳо ҳамкорӣ намояд.
Фароҳамоии имкониятҳо бо соддагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон
Тавре, ки дар ҳисоботҳои Бонки умумиҷаҳонии “Муқаддимоти тиҷорат” қайд гардидааст, Тоҷикистон мавқеи худро дар байни 190 давлат аз рейтинги 189 (2015) ба 144 (2017) дар савдои байналмиллалӣ баланд бардоштааст. Ба натиҷаҳои мазкур нигоҳ накарда, ҳоло ҳам Тоҷикистон аз Осиёи Марказӣ, дар муқоиса бо хароҷот ва вақт дар сарҳад, қафо мемонад.
Манбаъ: Базаи маълумотии Муқаддимоти тиҷорат
Баҳри таъмини фазои мусоид барои тиҷорат ва фароҳам сохтани имкониятҳои нави Тоҷикистон дар минтақа, соддагардонии расмиёти савдо барои ҳам Ҳукумат ва ҳам барои тиҷорат яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Беҳсозии шаффофият, пешгӯишаванда, одилона ва самаранок дар соддагардонии тиҷорат, барои кам кардани хароҷот дар савдо, кам шудани таваққуфҳои зиёд дар сарҳад ва баландшавии рақобатпазирии пешбурди тиҷорат оварда мерасонад.
Дар асл соддагардонии расмиёти савдо чист?
Чорабиниҳои васеъ ва гуногун, ки аз ҷониби Ҳукумат ё сохтори хусусӣ баргузор мегардад, барои соддагардонии расмиёти савдо мусоидат менамояд. Аз назари СУС, соддагардонии расмиёти савдо ин “соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти савдои байналмиллалӣ” аст, аз он ҷумла расмиёти савдо ин “фаъолият, таҷриба ва расмиётҳое, ки бо ҷамъоварӣ, пешниҳод, интиқол ва коркарди маълумотҳо барои мубодилаи борҳо дар савдои байналмиллалӣ” мебошад.
Мақсади соддагардонии савдо ин ҳалли масъалаҳои муҳим дар тиҷорат, аз он ҷумла:
- Батаъхирандозӣ дар расмиётҳои маъмурӣ бо сабаби шумора, мушкилӣ ва вақтие, ки барои баҳодиҳии мутобиқат, дастрас намудани иҷозатномаҳо ё риояи талаботҳои гумрукӣ заруранд;
- Гаронии маъмурӣ дар баъзан ҳуҷҷатҳои зиёди мураккаб, монеаҳои зиёди маъмурӣ, расмиётҳои аз ҳад зиёд;
- Баланд будани боҷҳо ва хироҷҳое, ки барои ҳимояи бозори дохила зуд-зуд истифода мешаванд ё тафтишҳои зиёдатӣ пеш аз интиқол намудан;
- Расмиётҳои номунтазам, пешбининашуда, ношаффоф бо сабаби пурра нашр нашудани қоидаҳо ва расмиётҳо, маълумоти пурра надоштан оид ба расмиёт дар сарҳад.
Соддагардонии расмиёти савдо – ин бозии бебохт аст, ки аз он ҳамаи давлатҳо ва ҷонибҳои ҳавасманд аз беҳдошти фазосарҳад фоида мебинанд:
- Тиҷорат: афзоиши ҳаҷми содирот ва диверсификатсияи маҳсулоти содиротӣ дар натиҷаи паст шудани хароҷотҳои додугирифти фазосарҳадӣ;
- Ҳукумат: афзоиши даромадҳои давлатӣ аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми ҷараёни тиҷорат, афзоиши риояи қоидаҳо аз ҷониби тиҷорат, афзоиши ошкорсозии вайронкунии қонунгузории гумрукӣ ва коррупсия дар мақомоти гумрук;
- Истеъмолкунандагон: афзоиши қобилияти харидорӣ аз ҳисоби бунёди ҷойҳои корӣ ва паст гардидани хароҷоти тиҷорат ба молҳои воридшаванда.
Аъзоёни СУС аз талаботҳо дар соддагардонии расмиёти савдо огоҳидошта, Созишномаи мусоидат ба савдо қабул намуданд, ки санаи 22 феврали соли 2017 барои ҳамаи аъзоёни тасвибнамуда мавриди амал қарор гирифт.
Созишнома оид ба соддагардонии расмиёти савдо (ССРС) – қадами калон ба пеш
Амалисозии ССРС ба кам гардидани ҳуҷҷатҳои ҳангоми воридот ва содирот истифодашаванда, коҳишёбии боҷу хироҷи ба воридот, содирот ва транзит вогузоршуда, инчунин ҳамоҳангсозии байни мақомотҳои назоратии наздисарҳадиро баҳри содагардонии расмиёти савдо пурзӯр мегардонад.
Дар фарогири умум, СРС бояд ҳаҷми содирот то 750 млрд доллари ИМА ва фарогири умумии ММД ба 0,35% афзоиш диҳад. Ин нишондиҳандаи он аст, ки ССРС, нисбат ба таҷдиди тарифҳо, ба савдои байналмиллалӣ таъсири зиёдтар мегузорад.
Дар Тоҷикистон ССРС махсусан фоидаи бештар барои тоҷирон фароҳам меоварад, ба он сабаб, ки тоҷирон ҳар вақт бо расмиётҳои савдоии серхароҷот ва дарозмуддат сар ба сар мешаванд. Бо дарназардошти суханони муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо, баъд аз татбиқи ҳамаҷонибаи ССРС хароҷоти савдо барои тиҷорат дар Тоҷикистон ба 13-15% коҳиш меёбад.
СРС афзоиши шаффофият (масалан интишори маълумот, машваратҳо), самаранокии (равзанаи ягона, танзими фазосарҳадӣ ва ғ) расмиёти фазосарҳадӣ дар Тоҷикистон, ва дар вазъияти ҳозира имкониятҳои назаррасро барои беҳтар намудани ҷараёнҳои савдо ва расмиётҳо пешниҳод менамояд. Барои тиҷорати Тоҷикистон ҳамзамон зарур аст, ки татбиқи онро дар дигар давлатҳое, бо он тиҷорат дорад, назорат намояд.
Дар ин мӯҳтаво, дар байни уҳдадориҳо барои мусоидати савдо, ССРС созмони Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдоро (КҲСРС), платформаи муштарак, ки ҳамаи иштирокчиёни тиҷоратро ба мусоидат баҳри раванди ҳамоҳангсозии иҷроиши ӯҳдадорӣ муттаҳид месозад, пешбинӣ намудааст.
Дар чаҳорчӯбаи татбиқи ССРС (6-уми майи соли 2015 тасвиб шудааст), дар асоси конунгузории марбут, бо Қарори №529 аз 24-уми декабри соли 2016, Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон ташкил шуда буд, ки якумин давлати ташкилкунандаи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) дар минтақа мебошад.
Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдои Тоҷикистон (КҲСРС) воситаи нави муҳим мебошад.
КҲСРС бояд беҳдошти назаррасро тақвим диҳад; КҲСРС масъалаи асосиии соддагардонии расмиёти савдоро бояд ҳал намояд: Ҳамоҳангсозии ҷонибҳои ҳавасманд.
Ҳадафҳо.
Ҳадафи КҲСРС соддагардонӣ ва ҳамоҳангсоҳии расмиёти савдои байналмиллалӣ (аз он ҷумла иҷроиши ӯҳдадориҳои СУС ва СРС), ва мусоидат ба ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ байни вазоратҳо, мақомотҳои назоратии наздисарҳадӣ ва бахши хусусӣ мебошад.
Ин ҳадафҳо бо ин намуди фаъолиятҳо амалӣ мешаванд:
- Ҷамъоварии маълумот оид ба усулҳои навтарин ва пешрафтаи соддагардонии расмиёти савдо аз тамоми ҷаҳон. Маҳзани маълумотии огоҳикунандаи мутобиқ барои маълумотдиҳии такмилёбанда оид ба муҳтавои махсуси соддагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон;
- Муайянсозии мушкилоти соддагардонии расмиёти савдо ва дурнамои ҷонибҳои ҳавасманд;
- Афзоиши сатҳи маълумотнокӣ дар байни ҷонибҳои ҳавасманди давлатӣ ва бахши хусусӣ оид ба мушкилоти соддагардонии расмиёти савдо, ки ба рақобатпазирии Тоҷикистон таъсир мерасонад. Коркарди нишондиҳандаҳои самараноки соддагардонии расмиёти савдо;
- Коркард ва қабули нишондиҳандаҳои самараноки соддагардонии расмиёти савдо барои Тоҷикистон дар муқоиса бо мурури вақт, ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байналмиллалӣ;
- Коркарди нақшаҳои амалии даврӣ барои ҳалли мушкилоти мушаххаси соддагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон, нақшаҳои амалӣ оид ба соддагардонии расмиёти савдо (Нақшаҳои амалии СРС);
- Мусоидат ба музокиротҳо оид ба соддагардонии расмиёти савдо байни ҷонибҳои ҳавасманд баҳри ноил гаштан ба баҳамоии тасмимнома. Ба ғайр аз ин, сабук намудани қабули амали махсус / чорабиниҳо бо қадамҳо ва уҳдадориҳои мушаххас баҳри татбиқи тасмимнома, ва пас аз он сабукӣ дар назорати иҷроиш;
- Афзоиши самаранокии нишондодҳо ва гузориш оид ба самаранокии нишондодҳои савдо пас аз татбиқи он.
Сохтор
Сохтори Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдои Тоҷикистон (КҲСРС) чунин аст:
Номзадҳои ибтидоии Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо аз ҳайати роҳбарикунандаи ташкилотҳо, аз ҳисоби аъзоёни Мақомоти Асосӣ, баҳри таъмини баробари намояндагии ҷонибҳои ҳавасманди соддагардонии тиҷорат дар Тоҷикистон интихоб гардидаанд.
КҲСРС (Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон) иштирокчиёни зиёд, аз ҳисоби ҳам бахши давлатӣ ва ҳам бахши хусусиро дар бар мегирад:
- Бахши хусусӣ: молия ва бонки марказӣ, гумрук, андоз, иқтисод, банақшагирӣ, савдо, стандартҳо, кишоварзӣ, тандурустӣ, назорати сарҳад ва дигар мақомотҳои қудратӣ;
- Бахши хусусӣ: палатаи савдо, ассотсиатсияи нақлиётӣ ва боркашонӣ, ассотсиатсияи суғуртакунандагон, ассотсиатсияи брокерони гумрукӣ, ассотсиатсияи воридкунандагон ва содиркунандагон, ҳамчунин ассотсиатсияи савдо ва саноат.
Котиботи доимии КҲСРС (дар ВРИС ҷойгирбуда) ба масъалаҳои соддагардонии расмиёти савдо машварат ва ҳамоҳангсозӣ намуда, ёрии техникии эксперти ва соддагардонии расмиёти маъмурӣ, ки барои:
- муайян намудан, тайёр намудан ва пешниҳод намудани масъалаҳои афзалиятноки соддаргардонии расмиёти савдо;
- таҳлил ва муқаррар намудани интихоби беҳтарини роҳи ҳалли масъала;
- ҳамоҳангсозии муҳокимаи масъалаҳо бо ҷонибҳои ҳавасманд;
- мусоидат баҳри комёбӣ дар мувофиқа байни ҷонибҳои ҳавасманд нисбати беҳтарини роҳи мавҷудбудаи ҳалли масъала;
- пешниҳоди масъалаи мувофиқашудаи беҳтарин ба роҳбарияти КҲСРС барои ҳалли он, ва баҳри имконияти иҷроиши масъалаҳо аз ҷониби ташкилотҳои ҳавасманд.
Мақомоти умумии КҲСРС: ҳамаи ташкилотҳои ҷонибҳои ҳавасманд, ҳам бахши давлатӣ ва ҳам бахши хусусиро дар бар мегирад:
- Аъзошавӣ ба КҲСРС-ро фароҳам сохта, вобаста ба мутобиқат ба масъалаҳои мушаххас ба он ҷонибҳои ҳавасманд барои иштирок дар гурӯҳҳои корӣ ва дигар ҷаласаҳои КҲСРС интихоб мегарданд;
- Ба Котибот саволҳои асосии соддагардонии расмиёти савдоро тафсир намуда, баҳри созмони гурӯҳҳои корӣ оид ба саволҳои мушаххас мусоидат менамояд;
- Ҳамзамон барномаи кории солонаи КҲСРС ва ҳисоботи самаранокиро тасдиқ менамояд.
Гурӯҳҳои кории КҲСРС қарори қабулшавандаро муҳокима ва баррасӣ намуда, қарорҳои ниҳоии масъалаҳои муносибро баҳри соддагардонии расмиёти савдо тавсия медиҳанд. Котибот аъзоёни гурӯҳи кориро огоҳ месозад. Котибот ҳамаи таҳлилҳои кӯмаккунандаи заруриро ба гурӯҳҳои корӣ пешниҳод менамояд.
Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо оид ба соддагардонии расмиёти савдо (ШҲДСРС) баҳри ҳалли масъалаҳои соддагардонии расмиёти савдо баромад намуда, гурӯҳҳои корӣ ва Котиботро бо воситаи донишу малака ва захираҳо дастгирӣ менамояд. (ҳамзамон бо фарогири дастгирии молиявӣ).
Нақши бахши хусусӣ дар КҲСРС
Иштироки бахши хусусӣ дар кори КҲСРС баҳри таъмини манфиатҳо ва талаботҳои тиҷорати онҳо дар татбиқи ССРС дар қонунгузории миллӣ ва таҷрибаи маъмурӣ омили муҳим дорад.
Ҳамин тавр, иштироки бахши хусусӣ дар КҲСРС бояд афзалияти асосӣ бошад:
- Иштироки бахши хусусӣ ҳангоми банақшагирӣ ва муҳокимаҳои КҲСРС таъсири бевосита дошта бошад.
- Имконияти беназир барои таъмини кӯмаки техникӣ ва / ё молиявӣ барои талаботи эҷоди тавонмандии ҷомеаи соҳибкорӣ пешниҳод мегардад.
- Ҳамчун омилҳои асосии соддагардонии савдо ва фаъолияти ояндаи КҲСРС, татбиқи ҳадафҳои КҲСРС кафолат дода мешавад.
- Иштироки фаъолона имкон медиҳад, ки ҳукумат барои ҷудо кардани захираҳои инсонӣ ва буҷетӣ барои таҳия ва амалисозии соддагардонии расмиёти савдо мусоидат намояд.
- Захираҳои маҳдуди маъмуриро самаранок истифода намуда, барои аъзоёни КҲСРС ёрии муттахасисонро пешниҳод менамояд.
Ба ғайр аз ин, тавсияҳо оид ба соддагардонии расмиятҳои савдо, натиҷаи машваратҳо бо бахши хусусӣ оид ба имконияти ҳалли монеъаҳои рӯзмарра мебошад. Бахши хусусӣ дар саҳми худ дар хусусияти лоиҳа такя намуда, ҳамзамон мубодилаи фикру мулоҳиза нисбати роҳҳои татбиқ ва афзалиятнок, иштирок дар лоиҳаҳои озмоишӣ ва ёрӣ дар баҳодиҳии самаранокии соддагардонии расмиёт, ки бо савдои дохила ва ҳамзамон байни шарикони савдои беруна алоқаманд аст, метавонад.
Иштирок дар КҲСРС - ин нишондоди имконияти беназир барои беҳдошти ҷомеаи соҳибкорӣ мебошад. Ин нишондоди давраи нав барои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон шуда метавонад – даврае, ки амалӣ намудани тиҷорат босуръат, содда ва каммасраф мебошад.
Конвенсияи таҷдидгардидаи Киото
Конвенсияи таҷдидгардидаи Киото конвенсияи асосии гумрукӣ дар соҳаи содагардонии расмиёти савдо ба ҳисоб меравад. Он аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук таҳия ва аз 3 феврали 2006 эътибор пайдо кардааст. Конвенсияи мазкур аз нав дида баромадани Конвенсияи байналмилалӣ оид ба сода ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ мебошад (Конвенсияи Киото), ки солҳои 1973-1974 қабул шудааст. Ҳадафи асосии Конвенсияи таҷдидгардидаи Киото мусоидат ба тиҷорат тавассути ҳамоҳангсозӣ ва содагардонии расмиёт ва қоидаҳои гумрукӣ мебошад. Бо назардошти ин Конвенсия стандартҳо ва тавсияҳои амалиро вобаста ба расмиёт ва усулҳои муосири гумрукӣ дар бар мегирад.