Портали савдои Тоҷикистон ҳамаи расмиётеро, ки ба амалиёти тиҷоратӣ дахл доранд, тасвир менамод
Натиҷаи ҷустуҷӯи расмиёти молҳо шуморо дар портали савдо (ПС) ба саҳифа мерасонад, ки дар он "аз куҷо оғоз кардан", "ба куҷо рафтан" ва "натиҷаи ниҳоӣ чӣ хоҳад буд" фаҳмонида мешавад. Саҳифа:
- Рӯйхати ҳамаи расмиётеро тасвир менамояд, ки бояд то барасмиётдарории гумрукӣ анҷом дода шаванд.
- Расмиётҳоро бо инобати пайдарпайии анҷомдиҳии онҳо манзур мегардонад. Масалан, пеш аз барасмиятдарории гумрукӣ метавонад сертификати мутобиқат ё сертификати байторӣ талаб карда шавад.)
Бо мақсади дар бар гирифтани тамоми маълумот оид ба расмиёти савдо (воридот/содирот/транзит), ПС Тоҷикистон маълумотро оид ба чаҳор категорияи расмиёт дар бар мегирад (равандҳои пеш аз барасмиятдарорӣ ва ҳам барасмиятдарорӣ):
- Бақайдгирии пешакӣ/ибтидоӣ: Шахси воқеӣ ё корхона бояд ба қайд гирифта шаванд, то баъдан тавонанд барои гирифтани сертификат ва иҷозатномаҳо муроҷиат кунанд. Ин метавонад санҷишҳоро дар бар гирад, аз қабили тафтиши анбор ё хоҷагӣ. Одатан, бақайдгирӣ бояд танҳо як маротиба аз ҷониби ҳар як мақомотои дахлдор анҷом дода шавад.
- Литсензияҳо: якчанд соҳаҳо танзим карда мешаванд ва ба ширкатҳо (корхонаҳои инфиродӣ ё корпоратсияҳо), ки мехоҳанд дар ин соҳаҳо тиҷорат кунанд, бо мақсади дастрас намудани иҷозати дастрасии иҷозатномаҳои зарурӣ, бояд литсензия дода шавад. Дар баъзе мавридҳо, литсензияҳо ҳар сол тамдид карда мешаванд;
- Иҷозатномаҳо: пеш аз оғози барасмиятдарории гумрукӣ бояд дастрас карда шаванд. Мисолҳо сертификати фитосанитарӣ ё байторӣ, сертификати пайдоиши мол, иҷозатномаҳои воридот, сертификати мутобиқат ва ғайра мебошанд. Ин расмиёт бояд барои ҳар як амалиёти тиҷоратӣ анҷом дода шаванд;
- Барасмиятдарории гумрукӣ ва расмиёти сарҳадӣ: ба инҳо ҳама расмиётҳое дохил мешаванд, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ ва гузаштани сарҳад заруранд. Ин пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ, санҷишҳои дахлдори сарҳадӣ, мӯҳри бор ва ғайраро дар бар мегирад. Ба монанди иҷозатномаҳо, инҳо метавонанд барои ҳар як амалиёти нави тиҷоратӣ талаб карда шаванд.
Фаҳмидани он, ки расмиёт ба кадом категорияҳо дохил мешавад ва тартиби анҷомдиҳии он барои соҳибкорон муҳим аст.
Тавсифи пайдарпайи расмиёт
Барои ҳар як расмиёте, ки дар саҳифаи натиҷаи ҷустуҷӯ пайдо мешавад, матни меню нишон медиҳад, ки кӣ бояд ин расмиётро анҷом диҳад.
Сипас ПС рӯйхати қадамҳои заруриро барои анҷом додани ҳар як расмиёт пешниҳод мекунад. Расмиёт аз як ё якчанд қадам иборатанд. Дар ин ҷо як қадам ҳамчун "ҳар як муроҷиат байни соҳибкор ва корхона (ё шахси масъуле, ки хидмати заруриро пешкаш мекунад, ба монанди нотариус) барои ноил шудан ба амалиёт" муайян карда мешавад.
Тафсилоти ҳар як қадам (тамос, талабот, натиҷа ва ғайра)
Барои ҳар як қадами ҳар як расмиёти ПС Тоҷикистон маълумоти зеринро пешкаш менамояд:
- Маълумоти зарурии тамос, аз ҷумла номи муассиса, суроға, рақамҳои телефон, вебсайтҳо, почтаи электронӣ ва ғайра ("ба куҷо бояд рафт"?)
- Ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла шаклҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо («чӣ бояд овард?»)
- Хароҷот: тафсилоти дақиқ дар бораи хироҷҳо ва пардохтҳои зарурӣ, аз ҷумла воситаҳои пардохт («чӣ қадар арзиш дорад ва чӣ тавр бояд пардохт?»)
- Натиҷаҳо («ман чӣ ба даст меорам»?)
- Заминаи ҳуқуқӣ, ки ҳамаи унсурҳои қадамҳоро асоснок мекунад (“дар кадом асоси қонунгузорӣ”?)
- Вақти лозимӣ барои анҷом додани қадам ("чӣ қадар вақтро мегирад?")
- Роҳҳои пешниҳоди шикоятҳо ва муроҷиат (“дар сурати пайдо шудани мушкилот ба кӣ муроҷиат кардан лозим аст”?)